Falcon 8X

Ҳавопаймои дарозмагистралии реактивӣ

Ширкати ҳавопаймоӣ бо ифтихор ҳавопаймои боҳашаматро барои парвозҳои корпоративии хусусӣ пешкаш менамояд. Аз он фахр дорем, ки хизматрасониҳои касбиро пешниҳод мекунем.

Шумо вақти худро қадр мекунед? Шумо бо бароҳат саёҳат карданро одат кардаед? Барои шумо ҳавопаймои беҳтарин зарур аст?

Пас Falcon 8X  – он чизе мебошад, ки барои шумо айни ҳол зарур аст! Ин лимузини аслӣ дар боло осмон мебошад. Зимнан «лимузин» на фақат калимаи сухан, балки исботи аслӣ аст. Чаро? Ҳоло мефаҳмед!

Навъи мазкур чун модернизатсияи ривояти қаблии Falcon 7X бо роҳи то ба 13 метр дароз кардани тани он эҷод карда шудааст, ки ин тадбир киштиро дар байни ҳавопаймоҳои тамоми хати Dassault аз ҳама серғунҷоиш кунонидааст. Зиёд дарозии киштӣ имконият додааст, ки ҳар як канори он бо 16 иллюминаторҳо таҷҳизонида шавад, ки дар навбати худ равшандиҳаии табиии нишеманро зиёд намудааст.

Навъи калонтарини хат буда (ҳаҷми нишеман иборат аз 48 метри кубӣ мебошад), конструксияи он нисбат ба кулли навъҳои қаблӣ аз ҳама адаптатсияшаванда ба назар мерасад – то 30 вариантҳо. Тақсимоте барои Falcon одатшудаи сесексиявиро бетағӣир нигоҳ дошта (ҷои истироҳат бо мабразхона барои экипаж ва қитъаи ошпазӣ, минтақаи мусофирон ва мабразҳона дар тарафи думи ҳавопаймо), навъи мазкур ҷиддан тағӣир додани конструксияро имконият медиҳад. Дар ин ҷо шумо қитъаи иловагиро барои хобкунӣ ё кабинаи душро ташкил карда, ё курсиҳои бароҳатро гузошта, шумораи умумии мусофиронро то 19 нафар афзоиш дода метавонед. Ҳамаи ин тадбирҳо дар шароитҳои олиҷаноби дараҷаи тиҷоратӣ саёҳат кардани шуморо мусоидат менамоянд. Яъне, Falcon 8X-ро харида, шумо киштии ҳавопаймоии универсалиеро ба ихтиёри худ қабул менамоед, ки шуморо ба ҳар гӯшаю канори саёра дар ҳолати дамгирифта, дар шароите мисли утоқи отел, на дар канори ҳавопаймо дар баландии чандин ҳазор метр, интиқол дода метавонад, ки, ҳамчунин, яке аз сабабҳои ин изолятсияи зиддисадоии беҳтарин мебошад.

Чӣ тавре мебинед – кулли аломатҳои лимузини боҳашамати ҳавоӣ аёнананд! Аммо…

Хусусияти конструктивии Falcon 8X аз он иборат аст, ки киштӣ универсалӣ мебошад. Шумо нишеманро, ҳатто, ба госпитал табдил дода метавонед (чунин имконият аз ҷониби истеҳсолкунанда низ пешбинӣ карда мешавад). Дар натиҷа шумо ҳавопаймои серғунҷоиши авиатсияи тиббиро ба даст қабул мекунед. Инро боз як ҷанбаи муҳим мусоидат менамояд.

Ин хусусияти техникии киштӣ мебошад. Тарҳкашон хеле хуб хизмат кардаанд! Ба ғайр аз дастгоҳи қуввадиҳандаи семуҳаррикаи турбовинтӣ дорои кашиши баландкардашуда, онҳо дурии калони парвозро – то 12000 км таъмин карда тавонистаанд. Зимнан, Falcon 8X  қобилият дорад, ки аз ҷиҳати суръати парвоз (зиёда аз 900 км/с), бо назардошти шароитҳои гарми истифодабарӣ ва баландии ниҳоии парвоз, аз ҳамаи рақобаткунандагони худ пеш гузарад. Ва авионикаи муосир парвозро ниҳоят бехатар (Falcon 8X дар шароити аёнии то 30 метр бе ягон мушкилӣ фурудоӣ карда метавонад), ва худи киштии ҳавопаймоиро ниҳоят камхарҷ мегардонад. Ва ин далел зимни баровардани хулоса оиди харидани навъи мазкур сабаби хело муҳим мебошад.

Соҳиби ин мӯъҷизаи техникӣ шуданро аллакай хоҳиш пайдо намудед?…

Пас боз як ҷанбаи аҳамиятдорро ба ёд меоварем. Falcon 8X ин ҳавопаймои фаронсавие мебошад, ки аз ҷониби коргоҳе истеҳсол карда мешавад, ки қиркунандаҳои Мираж (Dassault Mirage — шоҳкори аз ҳама боэътимод ва прогрессивии авиатсияи ҳарбӣ)-ро мебарорад. Далели мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки шумо дар бозори авиатсионӣ имрӯз беҳтаринбударо, дорои кафолати бисёрсолаи истифодабарии бенуқсон, ба даст қабул мекунед.

Агар барои шумо интихоб то ба ҳол муайян нест, пас навъҳои дигари хати Dassault Falcon-ро аз назар гузаронед.

Навъи думуҳаррикаи Falcon 5X бо дурии калони парвоз (то 5200 км) дар вуҷуди андозаи хурд ва суръати басандаи баланд 0,8 М шуморо ба тааҷҷуб медарорад. Дар оянда навъи мазкур асосгузори хати алоҳидаи навъҳои дорои ду муҳаррик шуда метавонад. Лекин, айни ҳол ҳам худи киштӣ барои парвозҳои тиҷоратӣ варианти хеле шавқовар ҳисобида мешавад.

Falcon 7X барои бунёд сохтани 8Х таҳкурсӣ гашт. Киштии мазкур аз худ кардани масофати бузург – 11200 км-ро қобилият дорад ва, дар зимни ин, дар фурудгоҳҳои хурд ба замин фаромада метавонад. Хусусиятҳои онро ба мисли камхарҷӣ дар вуҷуди суръати баланд қайд кардан ба маврид аст.

Дар ихтиёри мо навъҳои дигари истеҳсолкунандаи Dassault Aviation низ қарор доранд. Фақат муайян кунед, ки ба кадомаш аз онҳо шумо рағбат пайдо намудед!

Инак, чӣ тавр? Интихоб кардед? Пас ба шумо хеле камаш боқӣ мондааст.

Барои додани фармоиш бо менеҷери Aviav TM тамос кунед!

Фармоишро чӣ гуна бояд дод? Хело осон! Бо менеҷери Aviav TM (Cofrance SARL) ҳар тариқе барои шумо қулай тамос кунед ва дар бораи он, ки харидани ҳавопаймои хати Falcon-ро хоҳиш доред, маълумот диҳед. Аллакай дар давраи ибтидоӣ шумо ҳам доир ба ҳавопаймо ва ҳам вобаста ба амалӣ намудани харид, ҳамаи саволҳои рағбатдоштаатонро дода, ҷавобҳои муфасалро гирифта метавонед. Дар минбаъда, вохӯрии шахсӣ бешубҳа лозим мешавад, аммо он дар давраи гузаронидани музокиротҳо ва тартиб додани шартномаҳо баргузор хоҳад гашт. Ҳамчунин, дар сомонаи мо имконияти гузоштани дархост вуҷуд дорад. Дар ин сурат, коршиноси Aviav TM  (Cofrance SARL) худаш бо шумо дар вақти бароятон қулайбуда алоқа мекунад.

Вале чаро Aviav TM?

Aviav TM (Cofrance SARL) байни харидорони техникаи авиатсионӣ хеле машҳур мебошад, зеро:

  • ин брокери пешсафи авиатсионии Аврупо, дорои таҷрибаи бузурги корӣ ва намояндагиҳои худ дар зиёда аз 100 кишварҳои ҷаҳон мебошад;
  • Cofrance SARL ин ширкати фаронсавӣ мебошад ва мақсади асосиии он – ин фурӯши техникаи авиатсионии фаронсавӣ дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад;
  • ширкати мо шарики ташкилотҳои бонуфузтарини байналмилалӣ, минҷумла:  Wyvern Ltd. (бехатарии парвозҳо),  ARGUS International (аудит),  EBAA (European Business Aviation Association), NBAA (National Business Aviation Association) мебошад;
  • дар ихтиёри мо ҳам навъҳои ҳавопаймоҳои тайёр ва ҳам квотаи истеҳсолкунандагони пешсафи ҷаҳонӣ барои сохтани киштиҳои ҳавопаймоӣ қарор доранд;
  • таҷҳизотонии киштии ҳавопаймоӣ;
    • ширкат на фақат ҳавопаймоҳоро мефурӯшад. Ҳамкории зич бо истеҳсолкунанда ба мо имконияте медиҳад, ки хизматрасонӣ ва дастгирии пурраи техникии ҳавопайморо дар вақти истифодабарӣ ва таъмири ҷорӣ ба амал расонем ва тюнинги иловагии ҳам нишеман ва ҳам техникиро иҷро намоем;
    • дастгирии шабонарӯзии мизоҷон;
    • маҳфиятдорӣ муддати тамоми давраҳои ҷустуҷӯи ҳавопаймо ва ба амал расонидани созиш;
    • шаффофияти ҳуқуқии амалиётҳо;
    • ҳисоботи қатъии молиявӣ;
    • дақиқонагии комил (аз тартиб додани шартномаҳо то ба гузаронидани экспертизаҳо);
    • хати қарзӣ барои мизоҷони доимӣ;
    • муносибати ҷиддӣ нисбати хоҳишҳои мизоҷ.

    Муроҷиат кунед! Мо занги шуморо худи ҳозир интизорем!

Ҳавопаймои хусусӣ барои тиҷорат ва истироҳат

ХАРИДИ ҲАВОПАЙМО

Хариди ҳавопаймо корӣ одатӣ мешавад, агар шумо ба корозмудагон муроҷиат кунед. Ҳамаи ташвишҳоеро, ки бо харидани ҳавопаймо вобаста мебошанд, бар зиммаи худ хоҳем гирифт.

Муфассал хонед…

САРФАИ ВАҚТ

Мо то бо тиҷорати хеш банд шудани Шумо, ҳамаи қоғазҳои заруриро омода хоҳем кард.

Муфассал хонед…

Тавсифҳои ҳавопаймо

ТАВСИФҲОИ ПАРВОЗӢ

Дурӣ: 11945 км

Суръати мӯътадил: 900 км/ч

Баландии ниҳоии парвоз: 15545 м

НИШОНДИҲАНДАҲОИ НИШЕМАН

Дарозии нишеман: 11.9 м

Бари нишеман: 2.34 м

Баландии нишеман: 1.88 м

Ҳаҷми нишеман: 44 куб.м

ТАВСИФҲОИ ТЕХНИКӢ

Дарозӣ: 24.46 м

Баландӣ: 7.94 м

Дарозии болҳо: 26.29 м

ГУНҶОИШ:

Шумораи ниҳоии мусофирон: 19

Шумораи оптималии мусофирон: 15

Ҳаҷми бағоҷдон:  4 м.куб

Вазни ниҳоии парвозкунанда: 31300 кг

BOOK NOW +3 3629 961 135